ҶДММ ТАҚХ "ФАЗО С" ТЕЛЕФОНХО БАРОИ ГИРИФТАНИ МАЪЛУМОТ:   (44)600-33-67,   (44)600-19-14,  (44)600-33-71 TJS RUS ENG
Қарз барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сомонӣ, 22% солона, ба муҳлати то 3 сол.


Қурби ташкилот дар санаи 15.04.2024
Рамз Асъор Харид Фуруш
840 USD 10.9000  10.9400 
810 RUB 0.1150  0.1170 
978 EUR 11.5000  11.6000 
156 CNY 1.5000  1.6500 
Қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ
Рамз   Ном.асъор Қурб
840 USD 10.9249
810 RUB 0.1169
978 EUR 11.6427
156 CNY 1.5327

ПнВтСрЧтПтСбВс

Хабарҳо ✎


Хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ

     ҶДММ ТАҚХ “ФАЗО С” ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфироди хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинави пешниҳод менамояд. Аризаро барои кушодани суратҳисоб ва гирифтани маслиҳати лозима аз Шӯъбаи амалиётии Ташкилот метавонед гиред.

 Номгуйи ҳуҷҷатҳо барои кушодани суратҳисоб

     Барои мизоҷон – шахсони ҳуқуқӣ - резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, филиалҳо ва намояндагии онҳо:

  • Ариза барои кушодани суратҳисоб (ба Ташкилот);
  • Шартнома (аз ҷониби Ташкилот пешниҳод мешавад);
  • Варақа бо намунаи имзо ва нақши муҳр, нақши муҳр аз ҷониби Ташкилот тасдиқ карда мешавад 2 нусха;
  • Нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
  • Нусхаи РМА;
  • Мактуби Ахборотӣ аз мақомоти андоз (аслиаш);
  • Нусхаи шиносномаҳои шахсони масъул;
  • Нусхаи протокол ва ё фармон дар бораи таъин намудани роҳбар ё сармуҳосиб ба шахсони ҳуқуқӣ; дар ҳолате, ки агар суратҳисоби бонкӣ барои филиал ва ё намояндагӣ кушода шавад – ваколатномаи Ташкилоти асосӣ ба номи роҳбарият дода мешавад;
  • Барои мизоҷ – филиал ва намояндагони ғайрирезидентӣ – нусхаи иҷозатнома (ё дархост) аз ваколатдори мақомоти дахлдори кишвар ба ғайрирезидентӣ барои кушодани суратҳисоб дар хориҷи кишвар, ки дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни карда шудааст;
  • Иқтибос;
  • Оиннома.

     Барои шахсони воқеи (соҳибкорони хусусӣ)-резидентҳо;

  • Ариза барои кушодани суратҳисоб (аз тарафи ташкилот пешниҳод мешавад);
  • Шартномаи суратҳисоби бонкӣ (аз тарафи ташкилот пешниҳод мешавад);
  • Корт бо намунаи имзо ва нақши муҳр, нақши муҳр аз ҷониби Ташкилот ва ё тариқи нотариалӣ тасдиқ карда мешавад 2 нусха.;
  • Нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ;
  • Нусхаи РМА;
  • Нусхаи шиносномаҳои шахсони масъул;
  • Мактуби ахбороти аз мақомоти андоз;

     Барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ):

  • Ариза барои кушодани суратҳисоб;
  • Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлати барои шахсони ҳуқуқӣ ва ё Соҳибкори инфиродӣ;
  • Нусхаи низомнома, ҳуҷҷати муассисӣ, ки худи ташкилот барои шахсони ҳуқуқӣ тасдиқ кардааст;
  • Корт бо намунаи имзо ва нақши муҳр, нақши муҳр аз ҷониби Ташкилот ва ё тариқи нотариалӣ тасдиқ карда мешавад 2 нусха.;
  • Нусхаи РМА;
  • Нусхаи шиносномаҳои шахсони масъул;
  • Нусхаи фармонҳо дар бораи таъин намудани роҳбар ва сармуҳосиб барои шахсони ҳуқуқӣ;
  • Нусхаи сертификати замин;
Шабакаҳои иҷтимои:
Разработка, дизайн и поддержка сайта ООО МДО "ФАЗО С"
©2017-2022 ООО МДО "ФАЗО С". Все права защищены